Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Базми Зебо» баргузор гардид

Декабрь 18, 2018 10:57

ДУШАНБЕ, 18.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Бахшида  ба 55–солагии фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ таҳти унвони «Базми Зебо» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии рақсии «Зебо», Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола», ансамблҳои рақсии «Базморо», «Гулрез», «Ҷаҳоноро», Ансамбли рақсии кӯдаконаи «Зебо», гурӯҳи «Навои аҷам», оркестри эстрадии «Гулшан», инчунин Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, Хайрӣ Ватанова, Баҳодур Неъматов, Мастона Эргашева, Имомалӣ Раҳмониён, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов, Ширинмоҳ Ниҳолова ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд.

Артисти халқии СССР Зебо Аминзода бо арғушти мавзуни худ ба базм ҳусни нотакрор бахшид. Аҳли толор, ки намояндагони санъату ҳунар, мухлисони санъати асили рақсии тоҷик ва собиқадорони соҳа буданд, ҳунарнамоии соҳибҷашн ва барномаи консертиро бо кафкӯбиҳои дуру дароз истиқбол гирифтанд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Зебо Аминзодаро бо 55-солагии фаъолияти бобарори эҷодияш муборакбод намуда,  чунин изҳор дошт: «Устоди ҳунар Низом Нурҷонов дар бораи Ансамбли рақсии «Зебо» гуфта буданд: «Зебо» ба санъати миллии мо равнақи тоза бахшид ва санъати халқиро касбӣ кард». Аз  ин баҳои баландтаре нест. Ситораи фарҳанги тоҷик Зебо Аминзода аз сулолаи ҳунармандони бузург ва аҳли зиёии мамлакат аст. Модар ва модарбузурги соҳибҷашн ҳунармандони халқӣ буданд, аммо Зебо Аминзода дар авҷи камолот аз ҳама боло рафт ва Артисти халқии СССР гардид. Мо бо ин ситораи фарҳанги тоҷик ифтихор мекунем».

Ҳамчунин Зебо Аминзода  сухан карда, миннатдории худро ба  аҳли толор баён намуда, иброз дошт, ки «ман то охири умр ба халқу ватанам хизмат мекунам. Зеро хизмат  ба халқу Ватан орзуи ҳамешагии ман аст».

Декабрь 18, 2018 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид