«Давлат, сиёсат, ҷомеа». Дар ин китоб масоили мубрами замон, равандҳои гуногуни ҷомеа дар заминаи таҳлилу таҳқиқи илмӣ баҳогузорӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби наве таҳти унвони «Давлат, сиёсат, ҷомеа», ки онро таърихномаи мухтасари даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ном мебаранд, интишор ёфт. Ба андешаи академик Кароматулло Олимов, ин китоб саривақтӣ буда, он метавонад дар рушди худшиносии миллӣ ва ватандориву меҳанпарастӣ нақши бориз гузорад.
Китоб шомили мақолаҳоест, ки муаллифонаш- файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Саидмурод Фаттоҳзода, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, сардабири ҳафтавори «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов ва номзади илмҳои филология, адабиётшинос ва журналист Саидумрон Саидов ба паҳлӯҳои мухталифи рӯзгори ҷомеа, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, падидаҳои фарҳангиву ҳунарӣ эътибор дода, аз дастовардҳои даврони Истиқлол, ҷонбозиву заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат сухан гуфтаанд.
Муаллифон кӯшиш кардаанд, ки ба масоили мубрами замон, равандҳои гуногуни ҷомеа дар заминаи таҳлилу таҳқиқи илмиву объективӣ баҳо диҳанд ва дар баъзе мавридҳо фикру андеша ва пешниҳоду дархости хешро барои беҳдошти вазъ ё ҳалли масоили мубрам баён намоянд.
Дар қисми аввали китоб 33 мақолаи сиёсатшинос Саидмурод Фаттоҳзода ҷой дода шудаанд, ки онҳо солҳои гуногун иншо шудаанд. Аксари ин мақолаҳо бо гузашти замон арзиши бештари илмӣ ва таърихӣ пайдо кардаанд.
Академик Кароматулло Олимов дар сарсухани китоб зикр намудааст, ки нахустин бардошт аз мақолоти ин бахш он аст, ки муаллифи он аз оғози фаъолият то имрӯз дар мавриди баҳодиҳӣ ба равандҳои ҷомеа, таҳаввулоту тағйирот мавқеаи мустаҳками ягона дорад ва назару андешааш ба масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равшану возеҳ ифода меёбад. Як силсила мақолоти Саидмурод Фаттоҳзода ба фаъолияти пурсамари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.
Мақолаҳои бахши дуюми китоб ба қалами адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик Бахтиёр Ҳамдамов тааллуқ доранд. Муаллиф дар нигоштаҳояш бештар ба таҳлилу баррасии авзои сиёсии ҷаҳон, сиёсати хориҷии кишвар, муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон, ҳамчунин масоили доғи ҷомеа, ки ислоҳи онҳо ногузир аст, эътибор додааст.
Бахтиёр Ҳамдамов ба воқеаву ҳодисаҳо, қазияву проблемаҳои мавҷуда назари хоси худро дорад ва хонандаро ба андеша водор мекунад. Ҳифзи марзу буми кишвар, тарбияи инсони ватандӯст ва дорои эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва давлатӣ, шинохти ҳақиқати зиндагӣ аз хусусиятҳои умдаи мақолоти муаллиф ба ҳисоб меравад. Махсусан андешаҳои Бахтиёр Ҳамдамов дар мавриди падидаи номатлуби замон, паҳн ёфтани вабои аср-терроризм ва экстремизм дар қаламрави олам ҷолиб буда, барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешниҳодҳои мушаххас баён намудааст.
Дар бахши сеюми китоб мақолаҳои номзади илмҳои филология, адабиётшинос ва журналист Саидумрон Саидов ҷой дода шудаанд. Як силсила мақолаҳои ин муаллиф ба таҳлилу баррасии китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва «Чеҳраҳои мондагор» бахшида шудаанд.
Махсусан аз ҷониби муаллиф китоби «Чеҳраҳои мондагор» мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифта, арзиши ин китоб мушаххас баён мешавад. Муаллиф дуруст таъкид мекунад, ки «китоби мазкур хонандаи тоҷикро бо таърихии воқеии миллати тоҷик, корномаву корнамоиҳо, шебу фарози таърих, мардонагӣ ва пойдории миллати мо ошно месозад. Нигоштаҳои Пешвои миллат, тасвири воқеаҳои тақдирсози таърихӣ, муқоисаву муқобалаҳо ва хулосаҳо ҳамчун сабақи пандомези таърихӣ барои имрӯзиён ва ояндагон арзиши баланд доранд».








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






