Донёрбек Мирҳомидов ғолиби Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон, озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд ва озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» муайян ва қадрдонӣ гардиданд.
Маросими қадрдонии ғолибони Фестивал ва озмунҳо дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аҳли илму адаб, устодону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олию миёна ва кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят доир гардид.
Дар бахши наврасони то 16-солаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон ҷойи 1-умро хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Донёрбек Мирҳомидов ва дар бахши ҷавонон ҷойи 2-юмро донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоҷон Қайюмов соҳиб шуданд.
Дар озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» Китобхонаи марказии шаҳри Исфара, китобхона-филиали №2 деҳаи Ғўлакандози Ҷаббор Расулов, китобхона-филиали №20 деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ ғолиб дониста шуданд.
Дар бахши «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд Меҳринисо Ҳошимова, хонандаи Гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Қурбонбоев ва хонандаи МТМУ №1-и шаҳри Гулистон Ситора Алиқулова соҳиб гаштанд. Дар бахши донишҷӯён ҷойи аввалро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Оростамоҳ Қодирзода, ҷойи дуюмро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Парвина Содиқова ва ҷойи сеюмро донишҷӯи ҳамин донишгоҳ Ирода Ахмедҷонова ишғол карданд.
Ёдовар мешавем, ки 30 майи соли 2018 бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварон, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят қарори Раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз он рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят мебошад.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






