«Ҷилои дигар». Таҳти ин унвон дар Душанбе намоиши мусаввараҳои рассоми чирадаст Мақсуд Мирмуҳаммадов оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши мусаввараҳои рассоми бомаҳорати тоҷик Мақсуд Мирмуҳаммадов бо номи «Ҷилои дигар» оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар намоишгоҳ беш аз 35 санъати тасвирӣ ба тамошо гузошта шуданд. Бояд зикр кард, ки дар офаридаҳои рассоми ҷавон ҳусну малоҳат ва латофату назокати зан таҷассум ёфтаанд, ки аз тахайюлоти бою рангин ва зебоипарастии рассоми ҷавон шаҳодат медиҳанд. Инчунин рассом дар мусаввараҳои худ табиати зебои ватанамонро инъикос намудааст.
Меҳмонони зиёде аз асарҳои офаридаи ин ҳунарманди соҳибистеъдод дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Тамошобинон аз дидани ҳар як асари офаридаи рассом як ҷаҳон баҳра гирифтанд.
Дӯстдорони санъати тасвирӣ метавонанд аз намоишгоҳи мазкур то 11 январи соли 2019 дидан намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Мақсуд Мирмуҳаммадов бо мусаввараҳои зебою дидании худ табиати Тоҷикистонро дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ намудааст.











Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






