Китоби «Пешвои миллат бо ҷавонон» ба нашр расид

Декабрь 25, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ  китоби «Пешвои миллат бо ҷавонон» ба  нашр расид.

Китоби мазкур давоми ду сол таҳия шуда, муаллифони он  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва сиёсатшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмидин Миралиён  мебошанд.

Тавре  Қиёмидин Миралиён ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, китоби мазкур ба Соли ҷавонон бахшида шуда, ҳамчун нишони ғамхорӣ, меҳрубонӣ, дастгирии пайгирона ва эътимоди падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон манзур мегардад.

Ба зикри номбурда, дар китоб дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, таҳлил шудаанд.

«Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ омаданд. Пастию ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ ва мушкилоти зиёди зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар кадом давра ба давра ҳалли худро ёфтанд. Дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ мекарданд.  Пешвои миллат бо ҷавонон буданд ва ҳастанд», — омадааст дар пешгуфтори китоб.

Бояд зикр намуд, ки китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, олимон, сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои дигари алоқаманд барои истифода тавсия дода мешавад.

Декабрь 25, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид