Кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд-бардошт аз Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Дар ин бора дирӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат ба мақомоти дахлдор супориш доданд.
Ҳамзамон Вазорати маориф ва илм якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки то соли 2020 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра ҳал намоянд.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.
Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд.
Ба андешаи Президенти кишвар, дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб- якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар вуҷуд дорад.
«Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем»,-зикр карданд Пешвои миллат.
Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти мамлакат дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале Сарвари давлат аз натиҷаҳои он изҳори нигаронӣ карда, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






