«Куллиёт»-и Сайидои Насафӣ-эҳдо ба ҷашни 400-солагии ин суханвари бузург

Декабрь 13, 2018 16:16

ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 400-солагии суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки имсол бо қарори ЮНЕСКО таҷлил мегардад, нашриёти «Дониш» «Куллиёт»-и ашъори ин суханвари тавонои асри 17-ро нашр намуд.  «Куллиёт» бо ибтикори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омад.

Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «Куллиёт» аз қасидаву маснавиҳои хурд, ғазалиёт, матни «Баҳориёт»-и шоир, мухаммасот, рубоиёт ва «Шаҳрошӯб»-и ӯ иборат аст.

Ба андешаи Ф. Раҳимӣ, дар ашъори Сайидо, пеш аз ҳама, ишқ бо тамоми паҳлуҳояш тараннум ёфтааст. Зиёда аз ин мавсуфро адибе аз табори ҳунармандон муаррифӣ кардаанд ва ашъори ба аҳли ҳунари замон бахшидаи ӯ дар эҷодиёташ мавқеи вижа дораду маҳбубияташро дар байни ҳаводорони шеъри ноби тоҷикӣ бештар афзудааст.

Беҳтарину бебаҳотарин ва боэътимодтарин маъхазе, ки моро бо Сайидои Насафӣ, шебу фарози зиндагӣ ва мероси адабии ӯ аз наздик ошно менамояд, эҷодиёти ӯст. Офаридаҳои килки сеҳрангези шоир беш аз 8500 байтро фаро мегиранд.

Декабрь 13, 2018 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид