МАРҲАБО, ДӮСТОНИ АЗИЗ! НУРИ ДИДА, ТОҶИ САР! Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқию драмавии шаҳри Самарқанд ба вилояти Суғд омаданд

Декабрь 11, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқию драмавии шаҳри Самарқанд ба номи Ҳамид Олимҷон  дар ҳайати 16 нафар ба маркази маъмурии  вилояти Суғд омаданд. Онҳоро дар назди дарвозаи Хуҷанди бостонӣ бо нидоҳои «Марҳабо, дӯстони азиз! Нури дида, тоҷи сар!» пазироӣ намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳунармандони театри Самарқанд дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намоиши «Бигзор ман бимирам»-ро ба тамошобинони тоҷик пешниҳод менамоянд.

Мақсад аз сафари намояндагони вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд мустаҳкам гардидани муносибатҳои фарҳангӣ миёни вилоятҳо, таҳкими равобити дӯстӣ ва баҳравар гардидан аз санъати театрии ҳамдигар мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Театри вилоятии мусиқию драмавии шаҳри Самарқанд яке аз театрҳои нахустин ва калонтарини Ӯзбекистон буда, соли 1914  аз ҷониби ҳунармандони тоҷику ӯзбек ва рус таъсис дода шудааст. Аввалин спектакли театри мазкур аз рӯи асари Маҳмуд Беҳбудӣ худи ҳамон сол пешкаши ҳаводорони театр гардонида шуда буд. Солҳои 60-70-уми асри гузашта оҳангсози машҳури тоҷику ӯзбек,   Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон  профессор Мухтор Ашрафӣ ба ҳайси роҳбари бадеии театри мазкур кор кардааст.

Декабрь 11, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид