МУСИҚИИ ОБ. Озмуни беҳтарин асари мусиқӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷамъбаст гардид

Декабрь 12, 2018 10:32

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шарфаи оби  чашмаю рӯдҳо ва шаршараю дарёҳо  мисли мусиқии руҳафзо ҷону танро навозиш мекунад, касро ба ҳаяҷон меорад,  ба кас  илҳом мебахшад. Об на танҳо асоси зиндагӣ, балки манбаи илҳому эҷод аст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, моҳҳои октябр-ноябри соли равон бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» озмуни суруду оҳанги беҳтарин баргузор гардида буд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир гардид.

Ба Кумитаи тадорукоти озмун 9 асари мусиқӣ (кантата, увертюра, романс, сюита, асарҳо барои яккахон, гурӯҳи ҳамсароён, гурӯҳҳои эстрадӣ ва ғ.) пешниҳод гардиданд.

Мутобиқи хулосаи ҳайати ҳакамон 5 асари мусиқӣ- контатаҳои Шералӣ Қосимзода, Зафар Турдалиев, сурудҳои Ҷамшед Исмоилов, Қудратулло Яҳёев, инчунин операи Қудратулло Ҳикматов «Чашмае, ки баҳр мешавад» (либреттои Гулназар Келдӣ) беҳтарин дониста шуданд.

Ҳамзамон ҳамаи асарҳои ба озмун пешниҳодгардида барои иҷрои оммавӣ дар барномаҳои фарҳангӣ тавсия дода шуданд. Зимнан онҳо дар шакли маҷмӯаи асарҳои нотавӣ ба нашр омода ва баҳри омӯзишу иҷро барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат пешниҳод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо мақсади тарғиби васеи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон гузаронида шуд.

Декабрь 12, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид