Намаки бейод ва бемории ҷоғар бо ҳам чӣ иртибот доранд? Ва ё чаро дар шаҳри Хоруғ як тонна намаки ошӣ ба роҳҳои мошингард рехта мешавад
ХОРУҒ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи иттилои Маркази эндокринологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шумораи беморони ҷоғар ё худ ғадуди сина дар вилоят ба 14 ҳазору 974 нафар расидааст, ки зиёда аз 4 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд.
Табиби ғадудшиноси Маркази саломатии шаҳри Хоруғ Гулбону Имомёрбекова гуфт, ки «баландии минтақа аз сатҳи баҳр, набудани йоди кофӣ дар ғизо ва дер муроҷиат кардани беморон ба табибон сабабҳои аслии афзоиши ин беморӣ дар вилоят мебошанд. Дар ҳолати нарасидани йод дар ҷисми инсон ҳисси бемадоршавӣ, паст шудани қобилияти меҳнатию ақлонӣ, хушкшавии пӯст ё арақкунии барзиёди бадан ба назар мерасад. Мутаассифона, аксарияти беморон танҳо пас аз хуруҷи беморӣ ба табибон муроҷиат мекунанд, ки ин муҳлати табобатро ба дарозо мекашад. Агар бемор сари вақт ба табиб муроҷиат кунад, он гоҳ ташхису табобат дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом мерасанд. Зеро барои ташхису давобахшии ин гуна беморӣ дар маркази саломатӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайёст».
Масъулини Раёсати стандартизасия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят ин гуфтаи мутахассисони соҳаи тибро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки танҳо дар як моҳи охир зиёда аз як тонна намаки бейодро аз фурӯш боздоштанд. Мудири бахш оид ба риояи талаботи стандартӣ ва сифати махсулоти Раёсати мазкур Озодбахт Мародасейнов гуфт, ки «ташхиси лаборатории раёсати мазкур муайян намуд, ки ин миқдор намаки ошии бейод ва ғайристандартӣ ба тариқи қочоқ ба вилоят ворид мешаванд. Як тонна намаки бейод, ки аз мағозаҳо мусодира шуд, ба ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ барои истифодаи корҳои техникӣ интиқол дода шуд. Ин намаки оширо акнун барои об кардани роҳҳои яхбастаи мошингарду пиёдагарди шаҳр истифода мебаранд».
Масъулини Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят барои пурра аз муомилот гирифтани намаки бейод тамоми фурӯшгоҳҳои шаҳру вилоятро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






