Насим Олимзода: «Вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ»

Декабрь 27, 2018 09:23

ДУШАНБЕ, 27.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  пас аз пешниҳоди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. 

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷаласа он нуктаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баён доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои ташвишовар, ки вақтҳои охир сабаби вокунишҳои зиёд ва арзу шикояти шаҳрвандон гардидааст, расонидани кумаки фаврии тиббӣ ба беморон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Насим Олимзода оид ба ин масъала ва вазъи мавҷудаи беморхонаҳо, таваллудхонаҳо, шуъбаҳои эҳёи шаҳри Душанбе ва вилояту минтақаҳо сухан ронда, ба муовинони вазир ва сардорони шуъбаҳои дахлдори вазорат дастур дод, ки дар ин самт корро пурзӯр намоянд. Ӯ аз хусуси ҷой доштани ҳолатҳои сари вақт ба беморон нарасонидани кумаки фаврӣ аз ҷониби табибон, махсусан шабонгоҳон изҳори нигаронӣ намуда, аз тарафи Пешвои миллат таъкид шудани ин масъаларо дар Паёми имсола масъалаи ҷиддӣ номид.

Инчунин Н. Олимзода иброз намуд, ки кумаки фаврии тиббӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қонуну қарорҳои мавҷуда ройгон мебошад ва инро табибон хуб дарк карда, аз худ масъулияти баланд нишон диҳанд ва нобоварии мардумро нисбат ба давлату Ҳукумати мамлакат набояд ба миён оваранд. Вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба шахси бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ. Бояд қуттиҳои ёрии аввалини тиббии муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият, бо маводи доруворӣ ҳамеша таъмин бошанд.

«Мо дастурҳои мушаххасро оид ба кумаки фаврии тиббӣ дар ҷаласае, ки чанде қабл дар Маркази миллии тиббӣ-шаҳраки «Шифобахш» гузашта буд, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии  кишвар дода будем, вале пас аз ирсоли Паёми Пешвои миллат ба ин масъала бори дигар назорати ҷиддӣ медиҳем»,- изҳор намуд Вазир.

Бино ба иттилои манбаъ,    Н. Олимзода  ба масъулини соҳа супориш дод, ки 27 декабр бо роҳбарони муассисаҳои тиббии хусусӣ ва 3 январ бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷаласаҳои корӣ баргузор карда шаванд.

 

 

Декабрь 27, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид