«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» доир гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва ҷавонони фаъол аз 5 ноҳияи минтақаи Рашт иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Каримҷон Салимзода аз ҷараёни ҳамоиш иттилоъ дод.
Дар ҳамоиш Қаноатшо Лоиқзода иброз дошт, ки қадамҳои аввал дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13- уми марти соли 1992 гузошта шуд.
«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ҷавонон ояндаи давлату миллат ҳастанд. Ҷавонон бояд бо маслиҳату машварати калонсолон ва зери назари онҳо фаъолият намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳми муносиб гузоранд. Бахусус дар замони гирудорҳои муосир аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва канорагирӣ аз ҳар гуна пайроҳаҳои хатарнок хеле муҳим аст»,- афзуд Қ. Лоиқзода .
Ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки воқеан ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда эътироф шудаанд. Имрӯз рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ягон кишварро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дар кори ба даст овардани сиёсати иқтисодӣ ва инкишофи усулҳои ҷомеа ҳамон кишварҳое муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва аз имкониятҳои фаровони ақлониву ҷисмонӣ ва неруи зеҳнии онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
«Ман бовар дорам, ки шумо, ҷавонони кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед. Зеро шумо борҳо собит намудаед, ки дар ҳақиқат пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастед ва дар иҷрои ҳама кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна, қодиру тавоноед»,- иброз намуд номбурда.
Ёдовар мешавем, ки соли дуввум аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ бо доираи васеъи ҷавонон доир карда мешаванд.








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






