Паёми Пешвои миллат моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

Декабрь 29, 2018 10:57

ДУШАНБЕ, 29.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурӣ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Сарвари давлат аз бурду бохти он изҳори назар карда, дастуру пешниҳодҳои мушаххаси хешро оид ба беҳдошти вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ баён намуданд. Дар радифи масъала ва проблемаҳои мавҷуда, Пешвои миллат ба масъалаи амнияти миллӣ ва  бехатарии мамлакат руҷӯъ намуда, сабаби нотинҷии сайёраро ба «кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ» марбут медонанд.

Пешвои миллат аз вазъи имрӯза ва ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидани ҷаҳон аз ҷониби бархе аз сиёсатмадорон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ин маврид Пешвои миллат ҳамоно  андешаи қаблии худ «барои самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон зарур аст»-ро талқин намуда, пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгароро аз ҷониби баъзе доираҳо сахт мавриди танқид қарор медиҳанд ва аз омодагии кишвар дар муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ эълом медоранд: «Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосирчун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд».

Мусаллам аст, ки мафҳумоти «бартариҷӯӣ», «мусаллаҳшавии бошитоб», «ҷанги сард»- ин ҳама хоси абарқудратҳост ва сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири нохуш ба кишварҳое, чун Афғонистон мерасонад. Таърихи начандон дури вазъи Ироқу Сурия ва Украина собит кард, ки ин абарқудратҳо барои манфиати хеш аз ҷангу хунрезӣ рӯй наметобанд.

Мавриди  зикр аст, ки Тоҷикистон дар заминаи «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020» амал менамояд ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидааст. Яъне ин маънии онро дорад, ки Тоҷикистон барномаи мушаххаси худро дар ин самт дошта, ҳамкории ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст. Пешвои миллат ба ин барнома ишора намуда, бори дигар аз мавқеи устувори кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризм ва хушунат дарак доданд.

Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро дар баробари шукргузорӣ аз рӯзгори ободу осуда дар мавриди тақдири ҷаҳон тафаккур ва андеша мебояд, зеро тинҷиву осудагии мамлакат имрӯз ба ҳамин чиз марбут аст.

Ривоҷ бахшидан ба фазои сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон чун имрӯза дар  радифи кишварҳои тинҷу осуда қарор дошта бошад ва дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангези олам саҳми худро гузорад. Ин ҷо месазад мақоларо бо муроҷиати Пешвои миллат ба  мардуми азизу шарафманди Тоҷикистон, вакилони мақоми олии қонунгузори мамлакат, аъзои Ҳукумат ва кулли хизматчиёни давлатӣ анҷом бахшем:

«Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

                                                                     Саидумрон САИДОВ,
номзади илми филология

Декабрь 29, 2018 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус