Паёми Пешвои миллат омили рушди мамлакат мебошад
ДУШАНБЕ, 28.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Ин матлаб дар ҷамъомаде, ки дирӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Дастгири ғояҳои созандаи Паёми Пешвои миллат бошем» баргузор шуд баён гардид.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода ва вакили Маҷлиси намояндагон Муродулло Давлатов самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро шарҳ доданд.
Зикр гардид, ки рушди иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ вобаста буда, бе кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ имконнопазир аст. Дар ин росто, такмили қонунгузории соҳа вобаста ба талаботи рӯз дар самти омода намудани мутахассисони касбҳои коргарӣ супориши Паёми Пешвои миллат буда, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки 26 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат Паём манзур намуданд, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






