Президенти Тоҷикистон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд

Декабрь 27, 2018 09:55

ДУШАНБЕ, 27.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразм доир  карда ммешавад. Дар ин бора дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад, сухан гуфтанд.

«Ин ҷашн, — гуфтанд Сарвари давлат, —  имконият медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Ин солро ман муайян накардаам, олимони сатҳи байналмилалӣ омӯхтанд, санҷиданд, корҳои илмӣ гузарониданд ва муайян карданд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки моро зарур аст ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

«Ин қарзи  мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад»,- гуфтанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Декабрь 27, 2018 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд