Роҳсозони ноҳияи Шуғнон барфрезии аввалро бе мушкилӣ паси сар карданд

Декабрь 24, 2018 12:22

ХОРУҒ, 24.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Техникаи кофии роҳсозӣ, захираи сӯзишвориву равғанҳои техникӣ ва маводи зидди лағжиш ба коргарони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон имконият фароҳам овард, ки ҳаракати муътадили нақлиёти мусофирбару боркашро дар рӯзҳои боронгарӣ таъмин кунанд.

Ба гуфтаи сармуҳандиси муассисаи мазкур Имомодод Мамадфозилов,  ба уҳдаи онҳо таъмиру поксозии 233 километр роҳи мошингард, ки аз нисф бештари он мақоми роҳи байналмилалӣ дорад, гузошта шудааст. Ба воситаи ин қитъаи роҳ мошинҳо ба самти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қирғистон ҳаракат мекунанд.

Дар ин масир  ағбаи Кӯҳтезак низ ҷойгир аст, ки  баландии он аз сатҳи баҳр  зиёда аз 4 ҳазору 200 метрро ташкил дода, масофааш 11 километрро дар бар мегирад. Дар ин минтақа сардии ҳаво баъзан то ба 40 дараҷа мерасад. Агар мошинҳо дар ин ағба дармонанд, ронандагон бо вазъи ногуворе рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ ҳамасола дар фасли зимистон дар ағбаи мазкур реҷаи шабонарӯзии навбатдорӣ ҷорӣ мегардад ва он то моҳи апрели соли дигар идома меёбад.

Сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин минтақа гуфт, ки онҳо қаблан тамоми таҷҳизоти техникиро таъмир ва ба фасли зимистон омода намудаанд. Ҳоло дар сарои муассиса ҳафт техникаи пуриқтидори роҳсозӣ, аз ҷумла чор булдозер, ду автогрейдер ва ду боркунак дар ҳоли омодагӣ қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳолати зарурӣ ин техникаҳо ба минтақаи хатарзо интиқол дода мешаванд.

 

Декабрь 24, 2018 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд