Рустами Эмомалӣ тарбиятгирандагони «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе»-ро бо соли нави мелодӣ табрик намуд

Декабрь 27, 2018 18:07

ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.  27 декабр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пайғоми солинавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» ташриф оварда, бо фаъолияти муассиса ва вазъи таълимгирандагони он аз наздик шинос шуд. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Раиси шаҳр шахсан ба ҳар нафар тарбиятгирандагони ин даргоҳи таълимӣ туҳфаҳои солинавиро, ки аз либосҳои нави зимистона, бозичаҳои гуногун ва шириниҳо иборат буд, тақдим карда,  онҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 муборакбод гуфт.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз номи Раиси шаҳри Душанбе барои ин дӯстрӯякон зиёфати солинавӣ ороста шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» аз соли 1967 инҷониб фаъолият дошта, он аз 2 ошёна иборат мебошад ва  барои 120 нафар пешбинӣ гардидааст.

Алҳол дар ин муассиса 69 нафар кӯдакони аз 4 то 7-сола,  аз ҷумла,  22 нафар духтар ва 47 нафар писарони ятими кулл ва нимятимон, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд,  афроди бепарастор, фарзандони волидайнашон гирифтори  бемориҳои рӯҳӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаи мазкур  таълиму тарбия дар 7 гурӯҳ — 2 гурӯҳи махсусгардонидашуда барои кӯдакони аз ҷиҳати ақлонию равонӣ қафомонда ва 5 гурӯҳи муқаррарӣ ба роҳ монда   шудааст.

Кӯдакон таҳти парастории 28 нафар омӯзгорону мураббияҳои соҳибтахассус таълим мегиранд.
«Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» дар доираи таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли равон пурра таъмиру навсозӣ гардида, намои беруна ва дохили он рангубор шудааст. Дар он воситаҳои таълимӣ ва истироҳатии кӯдакон пурра таъмин буда, шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар ҳудуди муассиса майдончаи варзишӣ, 10 адад айвончаи наздиҳавлигӣ, 10 анборхона барои нигоҳдории маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ, варзишгоҳ, толори мусиқӣ, утоқҳои кории нуқсоншиносон, ҷомашӯйхона, 3 утоқи тиббӣ ва ошхона мавҷуд аст, ки бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин мебошанд.

Зимни боздиду шиносоӣ бо фаъолияти ин  муассиса  Раиси шаҳр ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар   муассисаҳои таълимии ба ин монанд таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, то   кӯдакону наврасони бесаробон худро танҳо эҳсос накарда, дар паноҳи давлату ҳукумат фарзандони ба Ватану миллат содиқ ба воя расанд.
Роҳбарияти шаҳри Душанбе таъкид доштанд, ки афроди бесарпаноҳу ниёзманд ҳамеша таҳти ҳимояту ғамхории давлат қарор дошта,  сарфи назар аз иду ҷашнҳо, аз кумакҳои моддию маънавӣ дар канор намемонанд.

Аз ҷумла, танҳо   соли 2018 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои хӯроки  тарбиягирандагони муассисаи номбурда тақрибан 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар арафаи соли нави мелодии 2019 инчунин таълимгирандагони дигар муассисаҳое, ки самти фаъолияташон ба нигоҳубини ятимону бепарасторон нигаронида шудаанд, аз кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе бархӯрдор шуданд.

Декабрь 27, 2018 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд