«ШАҲРИ ОРЗУҲО». Барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-солинавӣ доир карда мешавад

Декабрь 13, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 29 декабри соли равон дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи фарҳангии мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ карда мешавад.

«Дар ин барномаи фарҳангӣ қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он фаро гирифта шуда, дар назар аст ба ҳар яки онҳо аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шаванд», — афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки тибқи ин қарор дар ин рӯзҳо шахсони масъули дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе ба аёдати пиронсолону ятимони пойтахт мераванд. Инчунин дар арафаи ид  ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва мавриди ниёзи аввали мардум баргузор мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони «Дӯстӣ»   Шоу-барномаи солинавӣ  доир карда мешавад. Дар ин рӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  Боғи «Дӯстии халқҳо»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

Декабрь 13, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад