«ШАҲРИ ОРЗУҲО». Имрӯз дар он қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди Душанбе иштирок намуданд

Декабрь 29, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 29.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ доир гардид.

Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, хабар дод чанд лаҳза пеш хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории тантанаи идона,  зеро дар баробари тамошои барномаи рангини консертӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунармандони Сирки давлатӣ ба онҳо аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.

Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни ифтитоҳи барномаи консертӣ паёми табрикии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодӣ ба самъи иштирокчиён расонид, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Бачагони азиз, соли равон бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои Шумо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон бунёд карда шуданд. Шумо, кӯдакони даврони Истиқлолият, ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат ва  Ҳукумати мамлакат  қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳи он бебаҳра нахоҳед монд». 

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сар карда, то қонунҳои алоҳида ва барномаҳои махсуси давлатӣ ба ҳифз, ғамхорӣ ва нигоҳубини кӯдакон, аз ҷумла хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо равона карда шудаанд. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Ёдовар мешавем, ки дар барномаи фарҳангии мазкур қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он иштирок намуданд.

Декабрь 29, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад