Ширкати «IRS»: бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе–Чаноқ боз ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст
ДУШАНБЕ, 10.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди номусоидии вазъи обу ҳаво рӯзҳои охир роҳи Душанбе–Чаноқ боз буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Бо дарназардошти вазъияти мавҷуда танҳо бо мақсади ба вуҷуд наомадани танбашавии воситаҳои нақлиёт барои муҳлати кӯтоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёти ядакдор ва «Фура»-ҳо муваққатан боздошта мешавад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки маҳз бетафовутии як идда ронандагон ба тавсияҳои мо- бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбаранда, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар сабаби дар мавсими сармо ба вуҷуд омадани танбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад»,-омадааст дар иттилоияи Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД».
Инчунин ширкати мазкур дар идомаи иттилоияи худ чунин изҳор доштааст: «Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд, ҳол он ки мо рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ва дарки масъулиятшиносӣ пеш бурда истодаем».
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи ҳавои ноустувор дар мамлакат ҳушдор дода, чунин иттилоъ дода буд: «Дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барф дар назар аст».
Дар баробари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии мамлакат низ аз ронандаҳо даъват карданд, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифода ба фасли зимистон омода намоянд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, роҳбарият ва кормандони Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро бовар мекунонанд, ки сарфи назар аз вазъи обу ҳаво фаъолияти филиали Ширкат чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат хоҳад гирифт.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






