Шукурҷон Зуҳуров ва Михаил Козлов масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Михаил Козлов ва ҳамроҳони ӯ мулоқот кард.
Тавре аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот мавзӯъҳои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россия, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Москва дар ҳамаи заминаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарду мамлакат сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодаанд, ки ин ба манфиати мардумони ду ҷониб мебошад.
«Ҳамкории ҳасанаи байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Федератсияи Россия аз муносибати хуби сарони ҳарду давлати дӯст сарчашма мегирад. Боздидҳои мутақобилаи Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва сафари намояндагони расмии сатҳи олии ду кишвар ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ин ҳамкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд», — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хосса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст.
Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид






