СОЛИ НАВ ФАРО МЕРАСАД! Дар Душанбе барои бошукӯҳ таҷлил намудани он омодагиҳо идома доранд

Декабрь 18, 2018 10:51

ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе  корҳои  омодагӣ  ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Соли нави мелодӣ  идома доранд. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани он  ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати сокинону меҳмонони пойтахт бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодии 2019  тасдиқ гардидааст.

Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони   «Дӯстӣ»   Шоу-барномаи солинавӣ  доир карда мешавад. Инчунин дар ин рӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  Боғи «Дӯстии халқҳо»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

Ҳамчунин 29 декабри соли равон дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад. Дар ин барномаи фарҳангӣ қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он фаро гирифта шуда, ба ҳар яки онҳо аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида,  дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ   шахсони масъули дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе ба аёдати пиронсолону ятимони пойтахт мераванд.

Бояд зикр кард, ки  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт,  дар паҳлӯи   Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ   бо баландии 27 метр  ва паҳноии 14 метр  қомат  афрохтааст. Тавре  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов ба  мухбири АМИТ «Ховар»  иброз дошт, арчаи солинавӣ бо  12 ҳазор бозичаҳо  ва муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, дар он чароғакҳои светоидӣ бо  4 ранг насб  гардидааст.

Ҳамчунин дар  паҳлӯи  дигари  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ    барои аксбардории сокинону меҳмонони пойтахт навиштаҷоти калони «СОЛИ 2019» бо  чароғакҳои светоидӣ насб гардидааст.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои   бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канорҳои  пойтахт, аз ҷумла, дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе — Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ  ва   майдони паҳлӯи  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  арчаҳои идона гузошта шудаанд.

Ёдовар  мешавем, ки аз 21 то 31 декабри соли 2018 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинон меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили  Соли нави мелодии 2019  ташкил карда мешаванд.

Тибқи иттилои манбаъ, кишоварзони вилояти Суғд дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, деҳқонони  шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),  намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии  шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва  деҳқонони  вилояти Хатлон дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти мавриди  ниёзи аввалро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаш карда мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2018 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст