ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2018 аст

Декабрь 12, 2018 08:00

12 декабри соли  2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро қабул намуд.

 ***

3 сол пеш, 12 декабри соли 2015 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” суханронӣ карданд.

***

Дар ин рўзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «Тадқиқоти мониторинги камбизоатӣ» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

12 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рўзи бетарафии Туркманистон.

***

Дар Федератсияи Россия – Рўзи Конститутсия.

***

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон – Рўзи кормандони мақомоти гумрук.

***

Дар Кения – Рўзи истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

12 декабри соли 2012 дар ноҳияи Рашт дар мавзўи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.

***

4 сол пеш аз ин, 12 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар ҶТ (1 марти соли 2015) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

12 декабри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ш.Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамайка доир шуд.

***

Дар ин рўзи соли 1911 пойтахти Ҳиндустон аз Калкутта ба Деҳлӣ кўчонида шуд.

***

86 сол муқаддам, 12 декабри соли 1932 миёни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Чин муносиботи дипломатӣ баркарор карда шуданд.

***

Дар ин рўзи соли 1992 дар Индонезия бар асари заминларза 2200 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

12 декабри соли 1995 иҷлосияи 50-умини Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки тибқи он ба Туркманистон расман мақоми ҳамешагии  давлати бетараф дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка рафтанд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Декабрь 12, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш