ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2018 аст

Декабрь 20, 2018 08:00

20 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

***

9 сол пеш, 20 декабри соли 2009 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон   дар мулоқоти ғайрирасмии сарони  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

***

7 сол пеш,  20 декабри соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуданд.

20 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон.

***

Дар Панама – Рӯзи мотам.

***

Дар Россия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

20 декабри соли 2012 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ» намоишгоҳи суратҳо баргузор гардид.

***

20 декабри соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарини варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2017-ро эълон намуд. Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

***

44 сол муқаддам, 20 декабри соли 1974 Эфиопия ҳамчун кишвари сотсиалистӣ эълон шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.

***

20 декабри соли 1879 Томас  Эдисон аввалин маротиба кори лампаи  сӯзишвориро нишон дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе намояшгоҳи «Истеҳсоли Чин — Тоҷикистон 2017» доир шуд.

 

 

Декабрь 20, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш