ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2018 аст
22 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” машварати корӣ доир намуданд.
***
2 сол пеш, 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии ҳарсолаи худ ба Парлумони мамлакат муроҷиат намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.
22 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
***
Рӯзи мотами миллии Мексика.
***
Рӯзи модар дар Индонезия.
***
Рӯзи миллии математика дар Ҳиндустон.
РӮЙДОДҲО:
22 декабри соли 2008 дар шаҳри Москваи ФР дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятии миллӣ дар сохтори ҷомеаи шаҳрвандии Россия» бахшида ба 10—солагии Қасри миллатҳои Москва ва солгарди навбатии таъсиси созмони ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикистониёни Россия» ҷамъомад баргузор гардид.
***
22 декабри соли 2010 дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя тасдиқ гардид.
***
8 сол пеш аз ин, 22 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарон ва соҳибкорони ду мамлакат форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «20 соли равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
***
22 декабри соли 2014 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро муҳокима намуданд.
***
101 сол муқаддам, 22 декабри соли 1917 ворид кардани нӯшокиҳои спиртдор ба Канада манъ карда шуд.
***
22 декабри соли 2009 Сербия барои ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупо ариза пешниҳод намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1857 дар Россия нахустин маротиба марка барои мактубҳо ба фурӯш бароварда шуд.
***
Соли 1990 аввалин ҳизби мухолифи Туркманистон — Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад