ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2018 аст
25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ба имзо расониданд.
***
9 сол пеш аз ин, 25 декабри соли 2009 дар пойтахти Тоҷикистон маросими рӯнамоии саҳмияҳои НБО «Роғун» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе кори дурӯзаи комиссияи машварати сиёсии байнивазоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир расид.
25 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ангола – Рӯзи оила.
РӮЙДОДҲО:
25 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе Нақшаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар бораи амалӣ сохтани барномаи тадбирҳо барои солҳои 2010 – 2015 ба имзо расид.
***
25 декабри соли 2010 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе шаби эҷодӣ ва рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло «Рӯ ба меҳроби Ватан» доир шуд.
***
8 сол пеш, 25 декабри соли 2010 дар фарҷоми ҳамоиши 11–уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истанбули Туркия ҷоизаи созмон дар самти фарҳанг барои дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба олим ва фарҳангшиноси тоҷик Фароғат Азизова супорида шуд.
***
25 декабри соли 2012 дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигори ТАСС мусоҳиба ороста, оид ба асосҳои ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Москва сухан кард.
***
25 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони беҳтарини сол доир гардид.
***
25 декабри соли 2013 ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима карда шуданд.
***
35 сол муқаддам, 25 декабри соли 1983 Миср ва Иордания Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1896 дар Милан аввалин рӯзномаи сотсиалистии Италия — «Ба пеш!» («Avanti!»,«Вперед!») нашр шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад