ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2018 аст

Декабрь 30, 2018 09:02

30 декабри соли 2008 ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана» натиҷаи назарсанҷӣ миёни  роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро ба нашр расонид. Дар он сиёсатмадори беҳтарини соли 2008 дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.

***

9 сол пеш аз ин, 30 декабри соли 2009 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт. Сарварони ду кишвари дӯст вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуда, дар бораи рушду густариши минбаъдаи он муфассал мубодилаи афкор намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.

30 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Мадагаскар – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

30 декабри соли 2010 хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки донишҷӯёни ин вилоят гирандаи стипендияи ба номи Д.И.Менделеев гардиданд, ки ташкилкунандаи он Фонди рушди «Институти тадқиқоти Авруосиёӣ» дар Федератсияи Россия мебошад.

***

30 декабри соли 1922 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ташкил гардида, то 26 декабри соли 1991 фаъолият кард.

***

100 сол пеш, 30 декабри соли  1918 Ҳизби коммунистии Германия таъсис ёфт.

***

30 декабри соли 1946 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба энергияи атомӣ пешниҳоди ИМА-ро оид ба нақшаи назорат аз болои ин соҳа ба тасвиб расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 1949 Франсия истиқлолияти Ветнамро эътироф кард.

***

30 декабри соли 1964 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1953  дар ИМА аввалин телевизори ранга ба фурӯш бароварда шуд.

***

Соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон тарзи коркард ва гирифтани каучук амалӣ гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Декабрь 30, 2018 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст