Тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ намояндагони дигар миллатҳо бо расму оин ва фарҳангу забони мо шинос мешаванд-бардошт аз ҷамъомад дар Душанбе

Декабрь 18, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи дастурҳои Пешвои миллат бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо якчанд созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва  Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуданд. Ин нуктаро имрӯз сардори  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир  Каримзода дар ҷамъомаде, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон баргузор гардид, баён дошт.

Тавре аз Хадамоти мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад    намояндагони   Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар,  Муассисаи давлатии  «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим»,  Созмони байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ва  дигар ташкилотҳои байналмилалӣ  иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад Тоҳир Каримзода зикр кард, ки муҳоҷират ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон бо дарназардошти манфиати бештар ба раванди болоравии сатҳи зиндагии мардум ва иқтисоди миллӣ, пас аз ором шудани вазъ дар Тоҷикистон ва батадриҷ  фаъол шудану бунёд гардидани корхонаҳои хурду калон ва ба ин васила рушд ёфтани иқтисоди миллӣ сол то сол бештар гардида, ба анъанае табдил ёфт.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ раванди болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ  ба таври назаррас густариш ёфта, ҳатто симои шаҳру деҳот бо бунёди корхонаву марказҳои маишӣ ва манзилҳои бо тарзи муосир сохташуда дигаргун шуданд.

Зикр шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари мушкилоти доштааш аз бисёр ҷиҳат манфиатнок ҳам ҳаст.    Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон тайи 20 соли охир тавонистанд, ки дар минтақаҳои мухталифи Россия ва Қазоқистон корхонаву марказҳои хизматрасонӣ ташкил намуда, ба дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати пайдо намудани ҷои кор кумак намоянд. Муҳимтар аз ҳама онҳо миллати тоҷикро дар миёни дигар қавму миллатҳо муаррифӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ намояндагони дигар миллатҳои маскуни Федератсияи Россия бо расму оин, урфу одат, фарҳангу забон ва бисёр дастовардҳою ҳунарҳои миллии мо шинос гардида, оид ба таърихи қадимии тоҷикон маълумоти муфид мегиранд.

Дар ин ҷода саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ (диаспорахо) хеле назаррас буда, ҳар иду маъракаҳои фарҳангиву иҷтимоие, ки онҳо мегузаронанд, муаррифи маданияти халқи тоҷик мебошанд. Имрӯзҳо маълум аст, ки бисёре аз ҷавонони муҳоҷири тоҷик аллакай бо дарёфти имконияти мавҷуда дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои  Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик таҳсил доранд. Онҳо баробари пайдо намудани даромад инчунин ихтисос ва касб  ҳам меомӯзанд, ки ба ояндаашон манфиатбахш аст.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо дарки зарурати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ аз пайомадҳои нохуши он ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон дар хориҷа Стратегияи давлатии ҳукумати кишвар амалӣ гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати будубоши шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия, ки 90 % — и муҳоҷират ба ин давлат рост меояд, муҳоҷирони меҳнатӣ ба як зумра  имтиёзҳо соҳиб гаштанд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, дар 11 моҳи соли равон шумораи шаҳрвандоне, ки ба хориҷи мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 468 ҳазору 203 нафарро ташкил медиҳад.

 

Декабрь 18, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад