Вакилони мардумӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд

Декабрь 12, 2018 11:55

ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, вакилони мардумӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаи мазкурро узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулнора Бобоева ба вакилон муаррифӣ намуда, гуфт: «Мақсади асосии лоиҳа – мутобиқ намудани Қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда, бахусус қонунҳои ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин бартараф намудани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта мебошад».

Бояд гуфт, ки дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон барои озодии матбуот ва баёни андеша заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳаманд. Озодии матбуот ва сухан аз моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, таъмин намудани онро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ноширӣ ва полиграфӣ» кафолат медиҳанд.

Дар иҷлосияи мазкур ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров оид ба «Иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва  тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 шунида шуд.

Вакилони мардумӣ аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Декабрь 12, 2018 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид