«ВАЗЪИ РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ЗАБОН ДАР МАТНИ СУРУДҲОИ МУОСИР. Дар ин мавзӯъ дар Душанбе ҷамъомад оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарояндагони мамлакат таҳти унвони «Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир» ҷамъомад оғоз гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад дар баробари вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир ҳамзамон вазъи имрўзаи забони адабии тоҷик ва меъёрҳои он муҳокима мешаванд.
Ҷамъомади мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор 19 марти соли 2018 баён дошта буданд, ташкил гардидааст.








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






