Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ роҳи бастаи деҳаи Хичихи ноҳияи Роштқалъаро дубора боз кард
ХОРУҒ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як сол пеш бар асари сангчарх, тармаву селфароӣ роҳи мошингарди деҳаи Хичихи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баста шуд. Ин деҳа дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар ин ҷо зиёда аз 40 хонавода зиндагӣ мекунанд. Баъди баста шудани роҳи мошингард бошандагони деҳа маҷбур шуданд масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқавориро бо хар ва ё пуштора ба манзилҳои худ кашонанд.
Сокини деҳаи мазкур Карамхудо Раҳмихудоев гуфт, ки «ҳамдеҳагон барои ҳалли масъалаи мазкур ба масъулин муроҷиат карданд. Баъди чанд муддат мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба деҳа омада, пас аз шиносоӣ бо вазъи роҳ ба таъмиру васеъкунии он шурӯъ карданд. Давоми ҳамагӣ як моҳ роҳ на танҳо барқарор, балки аксарияти қитъаҳои душворгузари он васеъ карда шуданд. Ин ба сокинони деҳа имконият дод, ки акнун бе душворӣ масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти озуқаворӣ ва бахусус маводи сӯзишворӣ, чун ангиштсангу ҳезумро сари вақт захира намоянд».
Бояд гуфт, ки аксарияти сокинони ин деҳа ба чорводорӣ машғул шуда, маҳсулоти ширу гӯштиро дар бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш мегузоранд. Онҳо аз ин ҳисоб оилаи худро бо маводи зурурии рӯзгор таъмин мекунанд. Баъди баста шудани роҳи мошингард на ҳамаи бошандагони деҳа тавонистанд маҳсулоти худро ба бозор бароранд, ки ин ба иқтисоди оилаҳои зиёд таъсири манфӣ расонид.
Инак бо кумаки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҳаёти сокинони ин деҳаи дурдаст ва баландкӯҳ боз ба маҷрои аввала баргашт.








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






