Вазорати корҳои дохилӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ кумак расонид
ХОРУҒ, 29.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур», воқеъ дар шаҳри Хоруғ, ки дар он ҷо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва маъюб нигоҳубин ва тарбия карда мешаванд, кумак расонида шуд. Кумак дар шакли пешниҳоди орд, биринҷ, гӯшт, равған, шакар, тухм, картошка, пиёз, карам ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар арафаи Соли нав расонида шуд.
Ҳамчунин барои кӯдакони ин марказ лавозимоти хониш ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.
Корманди Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Чоршанбиев дар суҳбат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, маъюбону бепарасторон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин амали хайру савоб дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаи маъюбон ва бепарасторон кумакҳои моддӣ расонида мешаванд».
Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур» айни замон 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдудро ба тарбия ва нигоҳубин фаро гирифтааст. Роҳбарият ва мураббиёни ташкилоти ҷамъиятии мазкур аз чунин иқдоми Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят хушнуд гардида, миннатдории хешро изҳор доштанд.
Илова бар ин аз ҷониби ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»-и вилоят низ баҳри болида гардонидани хотири кӯдакони имконияташон маҳдуд барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла рақсу сурудхонӣ доир гардид. Кӯдакон аз чунин ташаббус ва барномаи фарҳангӣ шод гардиданд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






