Ёдгор Файзов: «Мушкилоти бебарқӣ дар шаҳри Хоруғ комилан аз миён бардошта шуд. Баъди ду сол сокинони шаҳр чӣ будани беобиро фаромӯш хоҳанд кард»
ХОРУҒ, 10.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кашидани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғевдара то маҳаллаи Хичордев оғоз гардид. Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи таъминсозии шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, сокинону меҳмонон ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ директори иҷроияи Агентии Оғохон оид ба макони зист Ҳоддӣ Ҳусайнӣ изҳор дошт, ки «ҳадафи асосии ин лоиҳа пеш аз ҳама, дастрасӣ ба санитария ва аз байн бурдани мушкилоти беобӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад. Мо аз ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи онҳо ба бунёди иншооти иҷтимоӣ изҳори хушнудӣ карда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кӯҳистон лоиҳаҳои гуногуни муштаракро бо муваффақият тадбиқ менамоем».
Маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Швейтсария буда, барои татбиқ кардани хатти оби нӯшокӣ ба масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150-миллиметра иқдом гирифта шудааст. Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон хонум Валбург Рус ин рӯйдоди фараҳбахшро ба кулли сокинони вилоят самимона муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки «дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд. Он беш аз 5,5 ҳазор аҳолии шаҳр ва 100 идораву муассисаҳои шаҳрро дар бар мегирад ва бо татбиқи пурраи он аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд. Қубури обгузар аз мавзеъи Дашти боло тавассути мавзеи Чинак ба маркази шаҳр оварда мешавад. Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист амалӣ мегардад».
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов баён дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии пешниҳодҳои судманди сатҳи ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба шумор рафта, татбиқи пешниҳоди чоруми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ давоми 10 соли оянда ба манфиати тамоми кулли сокинони сайёра хоҳад буд. Агар 10 сол пеш дастрасии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба оби нӯшокӣ 47 фисадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондиҳанда 80 дарсадро ташкил медиҳад. Танҳо дар чанд соли охир барои дастрасии беҳтари сокинони шаҳр ба оби пок 4 миллион доллар сарф карда шуд, аммо ҳанӯз ҳам камбуди оби ошомиданӣ ба назар мерасад». Раиси вилоят гуфт, ки баъди ду сол сокинони шаҳр чӣ будани беобиро комилан фаромӯш мекунанд.
Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин роҳи мошингард ба масофаи 750 метр бунёд мешавад, ки рафту омади сокинони маҳаллаи Дашти Болоро тавассути ин масир наздик месозад. Аз сӯи дигар, бунёди зинапоя сокинонро аз хатари эҳтимолии сангфароӣ ҳифз мекунад. Амалисозии лоиҳаи мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир-энергосервер» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд. Дар марҳилаи аввал 50 нафар сокинони шаҳр ба кор ҷалб мешаванд. Лоиҳа то моҳи июни соли 2019 бояд анҷом ёбад. Барои бунёди хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст.










Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд






