26 ЯНВАР – РӮЗИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН. Дар Душанбе ба ин муносибат китоби ҳиндушиноси тоҷик Ҳабибулло Раҷабов «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав» ба нашр расид

Январь 26, 2019 09:23

ДУШАНБЕ, 26.01.2019/АМИТ «Ховар»/. «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав»- чунин ном дорад китоби нави профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,   ҳиндушиноси тоҷик   Ҳабибулло Раҷабов, ки дар нашриёти «Эр-Граф»-и Душанбе бо забони тоҷикӣ нашр гардидааст.    

Китоби «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав» ба ҳаёт ва фаъолияти  адабии адибони  намоёни Ҳинд ва баъзе ҷараёнҳои  адабии ҳиндӣ дар  қарни ХХ  бахшида шуда, он ба донишҷӯёну устодон ва нафароне, ки ба адабиёти кишварҳои Шарқ, хосса Ҳиндустон таваҷҷуҳ доранд,  пешниҳод мегардад.

Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода ҳиндушинос  Ҳабибулло  Раҷабов  гуфт, ки «китоби «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав» ба 25-солагии  барқарор намудани    муносибатҳои дипломатии  Тоҷикистону Ҳиндустон ва 70-солагии соҳибистиқлол гардидани  Ҳиндустон  бахшида шудааст».

Профессори ДМТ Ҳабибулло Раҷабов дастпарвари шуъбаи филологияи ҳинди Донишгоҳи  давлатии Санкт-Петербург (собиқ Ленинград) буда, ҳоло  раисии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро бар уҳда дорад.    Номи профессори тоҷик дар радифи  31 ҳиндушиноси шинохтаи ҷаҳон сабт гардидааст.

Ҳ. Раҷабов муаллифи китобу рисолаҳои «Новеллистикаи Моҳан Ракеш», «Премчанд», «Ташаккул ва инкишофи  ҳикояи муосири ҳиндӣ», Муҳовараи  тоҷикӣ-ҳиндӣ», «Ин аст Ҳиндустон», «Равиндранатҳ Тҳакур», «Аибони муосири ҳиндӣ» буда, инчунин беш аз 300 мақола навиштааст, ки марбут ба забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги Ҳиндустону Покистонанд.

Инчунин профессори тоҷик  як силсила ҳикояҳо ва  шеърҳои адибони маъруфи Ҳиндустону Покистонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума намудааст.  Маҳз барои саҳми арзанда дар таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон соли гузашта профессори тоҷик аз ҷониби Президенти Ҳиндустон  сазовори мукофоти олии Ҳукумати  Ҳиндустон  «Падма Шри» ё «Ордени Нилуфар» гардид.

Нашри китоби «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав» дар ҳолест, ки   пагоҳ, 26 январ мардуми Ҳиндустон  Рӯзи ҷумҳурӣ (Republic Day)-ро таҷлил менамоянд. Рӯзи ҷумҳурӣ аз он сарчашма мегирад, ки 26 январи соли  1950 дар Ҳиндустон Конститутсия, ки 26 ноябри соли 1949 дар Маҷлиси муассисони Ҳиндустон қабул гардида буд, ҳукми қонунӣ гирифт.

Январь 26, 2019 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид