Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ

Январь 3, 2019 14:13

ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Номгўи  мансаб

Дастгоҳи марказӣ:

Бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус: сармутахассис – 1 воҳид  (таҳсилоти олӣ дар соҳаи  ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, филологӣ ва забоншиносӣ, собиқаи хизмати давлатӣ накам аз 3 сол ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос накам аз 4 сол), маоши мансабӣ – 1140 сомонӣ;

Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист. Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд,  афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

— ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (боду дона акси андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

— нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);

— маълумотнома аз ҷои зист;

— нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои талабгардидаро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё ба суроғаи ш.Душанбе, кўчаи Шота Руставелӣ, 22 пешниҳод намуда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ тавассути телефони 227-66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17.00 баъд аз гузаштани муддати 21 рўз аз нашри эълони мазкур дар васоити ахбори омма муқаррар мешавад.

Январь 3, 2019 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш