Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба ноҳияи Ишкошим 25 тонна орд интиқол дод
ХОРУҒ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим бар асари тармафароии пай дар пай тӯли як ҳафта баста буд. Ин ҳолат сабаби боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд дар ноҳияи Ишкошим гардид.
Бо мақсади коҳиш додани нархи маҳсулоти ғизоӣ кормандони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз боз шудани роҳ тавассути мошинҳои Вазорати дифои кишвар ба ноҳияи мазкур 25 тонна орд интиқол дода, бо нархи 165 сомонӣ ба фурӯш гузоштанд. Намояндаи агентии мазкур Моҳина Соҳибназарбекова гуфт, ки «баъзе тоҷирон аз баста шудани роҳи мошингард истифода бурда, нархи ордро то ба 190 сомонӣ расонданд. Аммо Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ баъди як рӯзи кушода шудани роҳи мошингард 25 тонна орд интиқол дода, нархи ин намуди маҳсулотро коҳиш дод. Роҳбандӣ ба дигар анвои маҳсулоти хӯрокворӣ, ба мисли равғану макарон, чою шакар, сабзию пиёз асаре нагузошт. Зеро дар дӯкону мағозаи марбут ба Агентӣ захираи кофии ин намуди маҳсулот мавҷуд буд».
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 25 тонна орд ва дигар намуди хӯрокворӣ ба ин ноҳия интиқол дода шаванд.








Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад






