Амалхонум Гаҷиева: «Операи «Хусрав ва Ширин» боз як бозёфти эҷодии театри тоҷик аст»

Январь 25, 2019 15:49

ДУШАНБЕ, 25.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли равон дар ҳаёти фарҳангии кишварамон рӯйдоди муҳим ва хотирмон рух дод. Шарҳи фарҳангшинос Амалхонум ГАҶИЕВА.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустнамоиши операи «Хусрав ва Ширин»-и оҳангсоз   Амирбеки Мӯсо аз рӯи асари безаволи Низомии Ганҷавӣ  баргузор  гардид. Муаллифи либретто  Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, коргардони басаҳнагузоранда — Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилзода ва рассоми ороишгар- Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров мебошанд. Чунин ҳайати иборат аз чеҳраҳои намоёни фарҳангӣ наметавонист, ки ин гуна шоҳкор наофарад.

Опера аз се банд иборат аст.

Дар банди аввал шоҳи ҷавони худхоҳ ва сармасти ишқ ба дидорбинии Ширин меояд, ки шӯҳраи ҳусну ҷамоли ӯ ҷаҳонро фаро гирифта буд.  Нақши Хусравро сарояндаи ҷавон Қурбонмурод Зокиров бозид. Ӯ овози тозаи марғуладор дорад, аммо барои мукаммал шудани нақш ӯро зарур аст, то боз кӯшиш ба харҷ диҳад. Аминам, ки ӯ ба ин муваффақ мешавад.

Хусрав бовар дорад, ки ба осонӣ Ширинро ба доми худ меафтонад. Аммо Ширини боғуруру боиффат дар ибтидо ба дархости Хусрав барои издивоҷ ҷавоби рад медиҳад, зеро номус ва суннатҳои аҷдодиро аз ҳама боло мегузорад. Нақши Ширинро Мунзифа Исоева хеле дилчасп офарид ва овози ӯ тамошобинонро тасхир кард. Бо ин кирдори худ Ширин мехоҳад ба Хусрав сабақ диҳад. Шоҳ бо дили ранҷур меравад, аммо сӯзиши ишқ дар дилаш ҳамоно аланга мезанад. Ширин ҳам айнан дар ҳамин ҳолат аст. Мушкили онҳоро устодон ва дӯстони деринашон- Бузургумед ва Шопур осон мекунанд.

Асрори дили ду ошиқи шайдо ошкор мешавад. Оқибат Хусрав хатои худро фаҳмида, аз Ширин узр мепурсад. Ширин узри шоҳро мепазирад ва шоҳ ба ин муносибат дар хайма базм меорояд, ки дар он сурудҳои Борбад садо медиҳанд. Дар базм Шируя- писари Хусрав ва Марям-духтари ҳокими Рум ҳозир мешаванд. Ӯ баробари дидани Ширини нозанин дилбастаи ӯ мешавад ва ба мулоқоти махфӣ даъват мекунад, аммо Ширини содиқу покдил ин пешниҳодро қатъиян рад менамояд. Шируя аз ин рафтор ба хашм меояд ва замоне, ки Хусраву Ширин дар хайма танҳо буданд, осемасар ба он ҷо ворид мешаваду  ба синаи падар ханҷар мезанад. Сипас ӯ аз нигоҳи Ширин ҳаросида, чун шағоли  тарсу рӯ ба гурез меорад. Ин дам Ширин ханҷарро гирифта, ба дили худ мезанад ва дар паҳлӯи Хусрав меафтад. Хуллас сарфи назар аз марги ин ду дилдода ишқ пирӯз мешавад. Ғояи асосии опера низ ҳамин аст- ишқ намемирад, балки ҷовидон мемонад.

Нақшҳои асосиро дар ин опера Сайфулло Юсуфов, Шуҳрат Сафаров, Нурафшон Нуруллозода, Имомалӣ Раҳмониён хеле боварибахш офаридаанд. Раққосони балет Александр Бахман ва Малика Калонова низ зеби саҳна буданд. Хор низ чун ҳарвақта олиҷаноб ва гӯшнавоз буд. Бегумон операи «Хусрав ва Ширин» боз як бозёфти эҷодии театри дӯстдоштаи мост.

Амалхонум ГАҶИЕВА,
фарҳангшинос

Январь 25, 2019 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст