Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардид

Январь 25, 2019 11:42

ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоиза ва намояндагони соҳаи маорифи ин шаҳр сазовори ҷойи аввали озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмун дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон баргузор гардида, дар он кадбонуҳои ҷамоатҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё ва намояндагони соҳаи маориф иштирок намудан. Кадбонуҳо навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо ва монанди инро дар дастархонҳои идонаи миллӣ ба маъраз гузоштанд.

Аъзои ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун аз дастархони оростаи иштирокчиён дидан карда, ба онҳо баҳогузорӣ карданд.

Ба иштирокчиён ва ғолибони озмун диплому туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуданд.

Январь 25, 2019 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид