Ҳангоми тоза кардани роҳи «Хоруғ-Ишкошим» ду нафар нигоҳдори қисмати ин роҳ ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 17 январи соли равон соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ дар километри 32-юми мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим ҳодисаи нохуш ба амал омад. Зимни тоза кардани роҳ ногаҳон аз кӯҳ тарма фаромада, се нафар корманди Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим зери тарма мемонанд. Дар натиҷа ду нафари он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафар наҷот дода мешавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, нафарони фавтида- нигоҳдорони қисмати ин роҳ-падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим буда, ба тоза кардани ҷодаи «Хоруғ-Ишкошим» машғул буданд.
Ронандаи техникаи роҳтозакунии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим Амирбек Шодмонбеков, соли таваллудаш 1967 аз зери тарма наҷот дода шуда, сари вақт ба беморхона интиқол гардид.
Мавриди зикр аст, ки роҳи мошингарди «Хоруғ-Ишкошим» дар вилоят хавфноктарин масир, хусусан дар фасли сармо барои роҳсозон дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми 16 январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардида буданд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






