Аз Ироқу Сурия 6 кӯдаки тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд,-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба шумораи кӯдаконе, ки соли 2018 аз кишварҳои ҷангзада, ба мисли Ироқу Сурия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд ва дар самти баргардонидани кӯдакони боқимонда аз ин давлатҳо аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд, чунин гуфт:
«Шумораи кӯдаконе, ки соли сипаришуда ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд, тибқи маълумоти расмӣ, 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар айни замон вазъи будубоши онҳо таҳти назорати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».
Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки «боиси таассуф аст, ки волидайн ин кӯдаконро ҳамроҳи худ ба кишварҳои ҷангзада мебаранду андеша намекунанд, ки бо онҳо чӣ ҳодисаву рӯйдод рух медиҳанд. Баъзе аз волидайн бо ҷурмҳои номуайян маҳкум мегарданд. Дар оянда мо дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати баргардонидани ин гуна кӯдакон ба Ватан тамоми кӯшишҳоро равона менамоем, то онҳоро сари вақт ба Тоҷикистон баргардонем».
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар бораи зарурати таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак таъкид намуданд. Ҳамин тариқ, 15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» боби алоҳида ворид карда шуд, ки мутобиқи он вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фаъолияти ин ниҳод асосан ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон равона карда шудааст.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






