Дафтари минтақавии ЮНЕСКО нақша дорад нуҳ ёдгории таърихии вилояти Суғдро ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ворид намояд
ХУҶАНД, 22.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин ва Мақбараи Ҳазрати Бобои шаҳри Хуҷанд, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, петроглифҳо-сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳа ва мавзеи Чилҳуҷраи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан аз ҷумлаи он нуҳ ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Суғд ҳастанд, ки Маркази байналмилалии нигаҳдошт ва консерватсияи дафтари минтақавии ЮНЕСКО нақша дорад ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии «Фарғона-Сирдарё» ворид намояд. Дар ин замина баҳри шиносоӣ ва омӯзиши ин ёдгориҳои таърихӣ ҳафтаи гузашта ба маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд намояндагон аз Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО таҳти роҳбарии роҳбари гурӯҳ, профессори Донишгоҳи Синхуа Лю Ҷоу омаданд.
Бино ба иттилои мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Суғд Абдуаҳад Шарифзода, меҳмононро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пазируфта, зимни суҳбат иброз дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хосса равона намуда, ҷиҳати эҳёи онҳо маблағҳои зарурӣ масраф менамояд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ин ҷода корҳои назаррас ба анҷом расида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қабул гардиданд. Ворид гардидани нуҳ ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст», — афзуд раиси вилоят.
Лю Ҷоу, роҳбари гурӯҳи кории Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар навбати худ аз пазироии гарму самимии мардуми тоҷик изҳори хушнудӣ намуда, баён дошт, ки гурӯҳи корӣ чанд рӯз инҷониб дар вилояти Суғд қарор дошта, ҳадафи он аз наздик шиносоиву огаҳӣ пайдо намудан доир ба нуҳ ёдгории таърихии пешниҳодгардида мебошад.
Зимни сафар гурӯҳи кории Маркази мазкур аз се ёдгории таърихиву фарҳангие, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъанд, дидан намуд.
Дар ин сафар меҳмононро шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва таърихшиносон ҳамроҳӣ намуда, ба онҳо Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Хуҷанд ва Мақбараи Ҳазрати Боборо муаррифӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар мавзеи Қалъаи Хуҷанд ва Мақбараи Ҳазрати Бобо корҳои таъмиру навсозӣ оғоз шуда, тасмим ҳаст, ки ин мавзеъҳо дар оянда ба макони доимии сайёҳӣ табдил гарданд.
Меҳмонон баъди тамошои мавзеъҳои таърихӣ ба ваҷд омада, изҳор доштанд, ки мардуми таҳҷоӣ аз фарҳангу тамаддун ва таърихи худ огоҳ буда, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихиро вазифаи муқаддас мешуморанд.
Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи кории Маркази мазкур изҳори боварӣ карда шуд, ки нуҳ ёдгории таърихии воқеъ дар вилояти Суғд баъди омӯзиш ва таҳқиқу хулосабарорӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи «Фарғона-Сирдарё» аз ҷониби Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи дафтари минтақавии ЮНЕСКО қабул ва ворид карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсис то ба имрӯз 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунё ба ин рӯйхат ворид карда шудаанд.
Аз ҷумла, то имрӯз аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият таоми миллии тоҷикӣ “Оши палав”, ҷашни ориёии “Наврӯз” ва як навъ санъати гулдӯзии тоҷикӣ-“Чакан” низ шомил карда шудаанд, ки мояи ифтихори сокинони мамлакат мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ аз 2 январи соли 2019 солҳои 2019-2021-ро дар мамлакат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар робита ба ин дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои бунёкорию созандагӣ, ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистони зебою офтобрӯя, ривоҷи косибию ҳунармандӣ ҷараён дорад.








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






