Дар Душанбе ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид

Январь 31, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳуриии Қирғизистон Ҷаниш Рустенбеков 30 январ дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши равобити фарҳангӣ байни ду давлат, аз ҷумла васеъ кардани доираи ҳамкорӣ дар соҳаи санъати театрӣ ва мусиқию рақс, ташкили барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни суҳбат Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсарҳад ва дӯст буда, барои рушди ҳамкорӣ ҳамаи имкониятҳо вуҷуд доранд.

Ҷаниш Рустенбеков пешниҳод намуд, ки баргузории барномаи муштараки фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва санъати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон давоми сол баррасӣ гардад.

Январь 31, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид