Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» тасдиқ гардид. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз — 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад.
Фестивали мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ ва дар ин замина, ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, инчунин ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадимии халқи тоҷик, имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» маротибаи дуюм дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар он рақсу сурудҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастии ҳунармандон, косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чўбтарошӣ, сандуқсозӣ, бозиҳои хоси наврӯзӣ, аз ҷумла, гӯштингирӣ, бандкашӣ, хурӯсҷанг, кабкҷанг, шеърхонӣ ва байтбараки ҷавонон, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазии тоҷикон дар танӯрҳо, хӯрокҳои миллии хоси наврӯзӣ, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, ҷараёни омодасозии маҳсули дасти онҳо ва намоиши созҳои мусиқии миллӣ ба маъраз гузошта хоҳанд шуд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






