Дар робита ба боришоти беисти барф дар Бадахшон ҷаласаи фаврии ситоди сохторҳои вилоятӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бинобар боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон баста мебошад. Дар робита ба ин ҳодиса имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ҷаласаи фаврии ситоди сохторҳои вилоятӣ баргузор гардид.
Дар ситоди навбатӣ масъалаҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода, сари вақт тоза кардани роҳҳои мошингард аз барф ва таъмини фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таълимию тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даҳ Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят 38 тонна маводи сӯзишворӣ дар ихтиёри роҳсозон қарор дорад. Вале камчини техникаи роҳсозӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳолат сабаби ташвиш мебошад.
Бино ба иттилои масъулини Идораи хоҷагиҳои роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистори Бадахшон, бинобар фаромадани 26 тарма дар роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят роҳҳо баста шудаанд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






