Дар се соли оянда тамоми ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар бо интернети баландсуръати 4G таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар бо интернети баландсуръати 4G таъмин мешаванд. Дар ин бора имрӯз, 28 январи соли равон муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод.
Ба гуфтаи номбурда, Хадамоти алоқа низ чун дигар мақомоти кишвар ба истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намудааст. Тибқи он, дар ин давра дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, хусусан кӯҳистони мамлакат дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ алоқаи стандарти «насли нав» барқарор карда мешавад.
«Инчунин бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо алоқаи босифат дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе истгоҳҳои базавӣ насб карда мешаванд. Зеро вақте алоқа устувор нест, интернет низ хуб кор намекунад»,-илова намуд мавсуф.
Бино ба маълумоти Илҳом Атоев, суръати интернети мобилие, ки то соли 2018 ба Тоҷикистон ворид мешуд, 10 гигабайтро ташкил медод. То охири соли 2018 ин нишондоди техникӣ ба 20 гигабайт расонида шуд. «Он технологияе, ки айни ҳол насб карда шуд, имконият медиҳад, ки то охири соли 2019 суръати интернет дар мамлакат ба 50 гигабайт расонида шавад»,- гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки дар соҳаи алоқаи барқӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мухобироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар доираи Созишномаи мазкур дар соҳаи алоқаи барқӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ як зумра лоиҳаҳо амалӣ хоҳанд шуд.








Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?






