Дар шаҳри Хоруғ машруботи ғайристандартӣ ва маҳсулоти пастсифати ғизоӣ аз муомилот гирифта шуданд

Январь 9, 2019 15:58

 ХОРУҒ, 9.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» зимни баргузории санҷиши навбатӣ дар бозор, мағозаву дӯконҳои шаҳри Хоруғ 866 шишаи худсохти арақ ва 132 кг маҳсулоти гуногуни ғизоиро ошкор ва аз муомилот берун карданд. Корманди масъули раёсати мазкур Озодбахт Мародҳусейнов ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” гуфт, ки бештари ин маҳсулот ҳатто ба ташхиси озмоишгоҳ ниёз надоштанд.

Аз рӯи бӯй, ранг ва мазза пай бурдан мумкин буд, ки истеъмоли  чунин маҳсулот ба саломатии инсон хатар дорад, аммо баъзе аз фурӯшандагон ба ин нигоҳ накарда, онро аз фурӯш бознадоштанд. Баъди ташхис дар озмоишгоҳи раёсат дар ҳузури комиссияи махсус ин маҳсулот нобуд карда шуд.

Ба гуфтаи ин масъули Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, соли гузашта 10 тонна маҳсулоти мухталифи хӯрокворӣ ва 13 ҳазор машруботи спиртии ғайристандартӣ ошкор ва баъди ташхис дар макони махсус нобуд карда шуд.

Агарчӣ нисбат ба солҳои қаблӣ миқдори маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам баъзе тоҷирону соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани маблағ ҷони одамонро зери хатар мегузоранд.

Январь 9, 2019 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд