ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВО САРД ХОҲАД ШУД. Агентии обуҳавошиносӣ доир ба сардиҳои дарпешистода ҳушдор медиҳад

Январь 25, 2019 16:21

ДУШАНБЕ,  25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 январ вобаста ба соф шудани ҳаво дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ шиддатноктар шудани сардии ҳаво дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба чунин  вазъи ҳаво  дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтимоли шабона то 15-20 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст. Ҳаво дар ғарби ВМКБ 20-25 дараҷа, дар шарқи ин вилоят 31-36 дараҷа (дар минтақаи Булункӯл то 50 дараҷа ) сард хоҳад шуд.

Дар бисёр минтақаҳо ҳаво рӯзона аз 5 то 10 дараҷа ва дар минтақаи шарқии ВМКБ то 13-18 дараҷа сард мешавад.

Январь 25, 2019 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд