«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар даври минтақавии ин озмун ҷамоати деҳоти «Россия» соҳиби ҷойи аввал ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид

Январь 24, 2019 16:55

РӮДАКӢ, 24.01. 2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳё намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо дар ноҳияи  Рӯдакӣ даври минтақавии озмуни «Дастархонороӣ»  баргузор гардид. Дар он  намояндагони  шонздаҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  фаъолона иштирок карда, дар гӯшаҳои алоҳида дастархонҳои миллӣ  оростанд.

Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ  Фирўза Камолзода зикр намуд, ки аъзои комиссия аз дастархони оростаи иштирокчиён дидан намуда, дар вақти баҳодиҳӣ  меъёрҳои муаяншуда, аз ҷумла, бо истифодаи сарфакории моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда,  мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташударо ба инобат гирифта,  ҷамоати деҳоти «Россия»-ро сазовори ҷойи якум донистанд. Ҳамзамон ин ҷамоат ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки ҳадафи баргузор намудани озмуни «Дастархонороӣ»  — эҳё ва  тарғиби таомҳои миллӣ ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии сокинон мебошад.

Январь 24, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид