«Деҳа макони ақибмондаҳо нест», «Нақши об дар устураи халқҳои қадим», -шарҳи матбуоти даврӣ

Январь 31, 2019 14:12

ДУШАНБЕ, 31.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Нашрияҳои даврии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои худ рӯйдодҳои муҳими ҳафтаи охири моҳи аввали соли 2019-ро инъикос намудаанд.

«Ҷумҳурият»-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи  23 рӯзи чоршанбе, 30 январи соли 2019  дар саҳифаи аввал таҳти унвони  «2018-Соли шукӯҳи  ҷаҳонии пойтахт» маводеро нашр намудааст, ки дар он муаллифони мақола  доир ба раванди созандагию ободонӣ дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе  ва он рӯдодҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва илми фарҳангие, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардиданд,  изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла,  дар мақола омадааст, ки «соли 2018 барои Тоҷикистон соли таърихӣ, пурфайзу барор ва хотирмон буд. Дар ин сол дар ҷумҳурӣ як қатор ҳамоишҳои сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи  мамлакат дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд, ки аз фаъолияти самаранок ва ташаббусҳои созандаву ободгаронаи давлату Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳанд. Душанбе — пойтахти Тоҷикистон дар пайи ғамхорию дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хусусан Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Меҳмонону сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз рушди бесобиқаи пойтахти тоҷикон ангушти ҳайрат мегазанд».

Инчунин  хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд аз саҳифаҳои ин  нашрияи расмии Ҳукумати  мамлакат мақолаҳои «Ба касби худ содиқ бошем», «Симои нави Исфисори куҳан», «Авангард дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҷараёни баргузории нишастҳои хабарӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, рӯйдодҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро мутолиа намоянд. Ҳамзамон нашрияи расмии «Ҷумҳурият»  шеърҳои тозаэҷоди Шоири  халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро, ки ба озмуни  «Беҳтарин шеъри бачагона» пешниҳод намудааст,  нашр кардааст.

«Садои мардум»-нашрияи  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 12, сешанбе, 29 янвраи соли 2019 таҳти унвони «Ҷавҳари Сада инсонпарварӣ, дӯст доштани табиат  ва расидан ба қадри обу замин аст» Табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати  ҷашни Сада чоп намудааст.  Дар табрикоти Пешвои миллат омадааст: «Ниёкони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро  то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда,  Садаро таҷлил  мекарданд. Яъне Сада  ҷашни омодагӣ ба  Наврӯз буда,  ин ду ҷашни қадима  бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи   сарчашмаҳои таърихӣ  сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн  низ дар ҳамин аст». «Садои мардум» дар радифи чопи рӯйдодҳои парлумонӣ, инчунин  хабару гузоришҳоро доир ба таъйиноти кадрӣ дар  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро вобаста ба  таъйиноти кадрӣ дар ҳукумати  кишвар чоп намудааст. Хонандагон ҳамзамон имкон доранд аз саҳифаҳои «Садои мардум» мақолаи пурмуҳтавои «Нақши об дар устураи халқҳои қадим» дар иртибот ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  «Деҳа макони ақибмондаҳо нест» вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, «Босмачиён ғосибе беш набуданд»-ро мутолиа намоянд.

Нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар нашри №6, 30 январи соли 2019 Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар иртибот ба таъйиноти  кадрӣ дар сохтори   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро чоп намудааст. Инчунин хонандагон имкон доранд аз саҳифаҳои нашрияи «Народная газета» мақолаҳоро  таҳти унвони «Дворец  чистой воды», «Эмомали Рахмон и Год разивтия туризма и народных ремесел. Летопись Лидера нации -2018», «Сада –предвестник Навруза» (Поздравление  Лидера нации  Эмомали Раҳмон по случаю  праздника Сада), «Сада- неотъемлемая часть тысячелетней культуры», «Подарок от  Президента»,  «В Ҳулбуке обнаружили  древний район  ремесленников» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию  иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангии  мамлакат мутолиа намоянд.

«Минбари халқ»-нашрияи  марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  /ҲХДТ/  дар шумораи 5, чоршанбе, 30 янвраи соли 2019 Табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни Сада, инчунин мақолаи Эмомалӣ Раҳмон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (солномаи Пешвои миллат -2018»), «Паём –тадбири созанда  ба хотири  ояндаи миллат»-ро нашр намудааст. «Минбари халқ»  дар радифи хабару гузоришҳо аз ҷараёни нишастҳои матбуотӣ, инчунин мақолаҳои  пурмуҳтаворо таҳти унвони  «Гумоштаи Ҳукумат, ё буқаламуни гузаро», «Оё дар Арабистони Саудӣ  «ИНҚИЛОБИ САФЕД» амалӣ хоҳад шуд?», «Чорво зиёду чарогоҳ хушку холӣ. ЧӢ БОЯД КАРД?», «Теғи синоӣ ба каф», «Ному амали некаш монд»-ро мутолиа намоянд.

«Мароми пойтахт»-нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  /ҲХДТ/   дар шаҳри Душанбе дар шумораи 4, чоршанбе, 30 январи соли  2019  дар радифи инъикоси рӯйдодҳои вобаста ба ҳаёти ҲХДТ дар пойтахт Табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати  ҷашни Сада интишор намудааст. Хонандагон аз саҳифаҳои «Мароми пойтахт» ҳамзамон мақолаҳои «Ифротгароӣ –падидаи номатлуб», «Душанбе дар масири созандагиҳо»,  «Муҳоҷирати меҳнатӣ: аз қонуният то масъулият», «Мақсади мо пешрафти касбияти омӯзгорон», «Дар хизматрасонии  коммуналӣ иқтисодиёти ниҳонӣ набошад»-ро метавонанд мутолиа намоянд.

Январь 31, 2019 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад