Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 2018 соҳиби 3 медали тилло гардид

Январь 29, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 се нафар бонувони ихтироъкори  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, ин се нафар бону дар 11-умин  намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри  Сеули Кореяи Ҷанубӣ штирок намуда, обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд.

“Дар Форум номзади илмҳои тиб, мудири кафедраи физиологияи нормалӣ Фариза Ҳалимова барои ихтирои “Тарзи  пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ” соҳиби 2 медали тилло ва 5 сертификат барои ихтироот дар соҳаи тиб  аз ҷониби Ассотсиатсияи ихтироъкорони давлатҳои Гурҷистон, Германия, Македония  ва Индонезияву Таиланд гардид.  Аспиранти  кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Мижгона Шуҳратзода барои ихтирои “Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ зоҳиркунанда” соҳиби медали тилло ва аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Шабнам Муродова барои ихтирои “Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма” соҳиби медали нуқра гардиданд”,-гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Ба иттилои мавсуф, инчунин соли 2018 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  барои корҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи тиб бо ҷоизаи  махсус- Ҷом ва шоҳҷоизаи озмуни KIWA сарфароз гардида,  медали тилло ба даст овард.

Январь 29, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд